ШАҲРИТУЗ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободонӣ, тозаю зебо нигоҳ доштани маҳалли зист дар якҷоягӣ бо як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегӣ дар сатҳи баланд гузаронданида шуда, дар рафти корҳои ободонӣ заминҳои назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроия нарму мулоим ва бехи дарахтон аз алафҳои бегона тоза карда шуданд. Чунин иқдомҳои неку созанда дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомомалӣ Раҳмон бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ пайваста идома дошта, сокинон ният доранд то истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як гӯшаи Ватанамон-Тоҷикистони азизро сарсабзу хуррам намоянд.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)