БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон ба ифтихори 26 - солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Балҷувон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” доир шуд, ки дар он  сокинони  деҳаҳои Хироб ва Мулкон ба ҳашар баромада, баҳри ободӣ ва сарсабзии ноҳия дар канори шоҳроҳи мошингард зиёда аз 200 бех ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинониданд.

Зимни суҳбатҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроия бо иштирокчиён қайд карда шуд, ки чунин иқдомҳои наҷиб дар баланд бардоштани шавқи зебоипарастӣ, худшиносии миллӣ заминаи мустаҳкам мегузорад ва армуғони хубе хоҳад буд ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg