БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иқдомҳои неки Пешвои миллат шаъну эътибори давлату миллатро дар миқёси ҷаҳон баланд бардошт

ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳайати муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Назарова Фароғат, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Валиев Суҳроб, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Бобоҷонова Гулҷаҳон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  Нигматзода Ҳабибулло бо сокинони кӯчаи Нусратуллои Махсум баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ҳизбиён - тарбияи сиёсӣ ва ахлоқии ҷомеа

КУШОНИЁН. Тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  Асроров Саидшо дар деҳаи Лолазори  ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия  бо сокинони маҳалла оид ба иҷрои  дастуру супоришҳои  Паёми  навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ,  эҳтиром ва иҷрои  қонунҳои амалкунандаи Ҷ

Коррупсия монеаи рушди устувори давлат мебошад

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Яккадин» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯъи «Коррупсия монеаи рушди устувори давлат» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов  вохӯрӣ баргузор гардид.

Қонуни танзим – раҳоии мардуми кишвар аз хурофот ва раванди бегонапарастӣ

КӮЛОБ. Барои густариш додани ҳамкориҳо ва бештар кардани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати огоҳӣ пайдо кардани ҷомеа аз ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ кормадони масъули ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоту муассисаҳо нишасту мулоқотҳоро баргузор намуда истодаанд.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини сайёҳӣ

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар доираи амалигардонии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади тарғиб ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, ривоҷу равнақ додан ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи нав” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо  намоиши  ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Нигоҳубини оромгоҳҳо вазифаи инсонист

ЁВОН. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ёвон бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар доираи андешидани тадбирҳо бахшида ба ҷашни 73 солагии ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон  дар ноҳия чорабиниҳои сатҳи гуногун баргузор гардида истодааст.

Беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи асосии ҲХДТ

ДАНҒАРА. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри ободии Ватан, тақвият бахшидани робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳаллаи 4-а  ҷамоати шаҳраки Данғара  вохӯрӣ доир гардид.

Тоҷикистон мазраи умеду ормони тоҷикони ҷаҳон

ВОСЕЪ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Рӯзигул Қурбонзода  дар ташкилоти ибтидоии «Роҳсозон» вохӯрӣ баргузор гардид.

Тақвияти робита бо маҳал қавӣ гашта, мардум ба дарки сиёсати созандаи ҳизб бештар расида истодаанд

ВАХШ. Баҳри тақвият бахшидани робита дар маҳал ва таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар дурдасттарин маҳаллаи ҷамоати деҳоти Машъал, маҳаллаи Дӯстӣ  бо сокинони маҳаллаи мазкур оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он вохӯ

Нерӯи барқ: Ин сарвати бебаҳоро бо сарфаву эҳтиёткорӣ бояд истифода кард

КӮЛОБ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар заминаи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ зарур мешуморад, ки корҳои тарғиботиро ҷиҳати расонидан ба дарки ҷомеа, ки истифодаи лампаҳои тафсон ва дигар воситаҳои гармидиҳии ғайристандартӣ дар маҷмуъ ба кори муътадили системаи энергетикии кишвар таъсири манфӣ мерасонад, мунтазам дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намояд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg