БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нерӯи барқ: Ин сарвати бебаҳоро бо сарфаву эҳтиёткорӣ бояд истифода кард

КӮЛОБ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар заминаи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ зарур мешуморад, ки корҳои тарғиботиро ҷиҳати расонидан ба дарки ҷомеа, ки истифодаи лампаҳои тафсон ва дигар воситаҳои гармидиҳии ғайристандартӣ дар маҷмуъ ба кори муътадили системаи энергетикии кишвар таъсири манфӣ мерасонад, мунтазам дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намояд.

Дар ҳамин замина дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Равшанамоӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ роҳандозӣ гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Равшанамоӣ”, директори Корхонаи давлатии фаръии таъмиру истифодабарии ШБК Ҳамдамов Амрохон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан, дар вохӯрӣ аз ҷониби иштирокдорон гуфта шуд, ки омилҳои зиёде ҳастанд ва бо чашм айён дида мешавад, ки қувваи барқ ғаримақсаднок аз тарафи бархе сокинон истифода мешавад. Яъне истифодаи нерӯи барқ бе ҳисобкунакҳои барқӣ ба таври пинҳонӣ кашидани хатҳои нерӯи барқ ба манзилҳои истиқоматӣ ва истифода бурдан аз лампаҳои тафсону серхарҷ, ки ин омилҳо бешубҳа метавонад ҳам ба иқтисодиёти давлат ва ҳам ба буҷаи оилавӣ зарари калон расонад.

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ҳар яки моро зарур аст ин сарвати бебаҳоро бо сарфаву эҳтиёткорӣ ва мақсаднок истифода бурда, ҳаққи хизматрасонии барқро саривақт ва бовиҷдонона пардохт намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg