ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар доираи амалигардонии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади тарғиб ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, ривоҷу равнақ додан ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи нав” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии мазкур ҳунарҳои мадумии ҳунармандони ноҳияи Қубодиён, аз қабили қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилему адрасбофӣ, намадбофӣ ба намоиш гузошта шуда, дар байни наврасони муассисаҳои таълимӣ озмуни расмкашӣ дар мавзӯъи “Диёри номдорам- Тоҷикистон” ташкил карда шуд. Дар озмун хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 иштирок намуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён қадрдонӣ карда шуданд.