ЁВОН. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар доираи андешидани тадбирҳо бахшида ба ҷашни 73 солагии ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон дар ноҳия чорабиниҳои сатҳи гуногун баргузор гардида истодааст.
Нахуст, ҷавонон ба пояи муҷассамаи «Аскари номаълум» гулчамбар гузошта, сипас барои роҳандозӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ ба оромгоҳи деҳаи Қамбарӣ рафта, гирду атрофи онро аз алафҳои бегона тоза намуданд.
Дар ноҳия тибқи ҳисоботҳои оморӣ 300 оилаи мардуми масеҳӣ истиқомат мекунанд. Онҳо ҷасадҳои худро дар ду қабристони ноҳия дафн мекунанд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи мардуми масеҳии ноҳия Чирков Аликсей иштирок намуда, иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро бо хушнудӣ пазируфта, амали неки ҳизбиёнро давоми дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи дӯсту бародарӣ рус муаррифӣ кард.