ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳайати муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Назарова Фароғат, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Валиев Суҳроб, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Бобоҷонова Гулҷаҳон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Нигматзода Ҳабибулло бо сокинони кӯчаи Нусратуллои Махсум баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ инчунин, таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар ин маҳалла мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Масъулин оид ба пешниҳоди арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба иштирокдорон маълумоти муфассал доданд.
Ҳамзамон, бо пешниҳоди сокинон дар кӯчаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Нурафшон» таъсис дода шуда, Искандарова Ватангул раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.