БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи асосии ҲХДТ

ДАНҒАРА. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри ободии Ватан, тақвият бахшидани робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳаллаи 4-а  ҷамоати шаҳраки Данғара  вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Каримов Пираҳмад  иштирок намуда, оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати  ҳарбӣ,  тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемории сироятии ВИЧ/СПИД, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, ҷалби шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ аз гаравиш ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ кардани  сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ   даъват ба амал овард.  

Дар охири  вохӯрӣ бо дастгирии сокинони маҳал  дар маҳалла ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи  “Маҳаллаи 4“а”” таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg