КУШОНИЁН. Тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Асроров Саидшо дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия бо сокинони маҳалла оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ, эҳтиром ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии ВИЧ/СПИД, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва хатарҳои терроризму экстремизм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва пайдошавии ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро дар шабакаҳои интернетӣ суханронӣ намуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии хизбӣ дастрас карда шуда, аз ҳисоби аъзои нави ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуда, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Лолазор» таъсис дода шуд.