ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Яккадин» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯъи «Коррупсия монеаи рушди устувори давлат» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Фарҳод Обидов оид ба масъалаи ба миён гузошташуда муфассал суханронӣ намуда, зимни суханронии хеш қайд кард, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат, роҳбарияти сиёсии кишвар, таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурат ва муҳиммияти мушкилоти коррупсия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онро масъалаи мубрам ва ҳалталаби рӯз дониста, як қатор санадҳои меъёрию ҳуҳуқӣ ва чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсиониро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намуданд.
Бо дар назардошти гуфтаҳои боло сокинон дар бошишгоҳи саҳроӣ ҷамъ омада буданд, мавсуф таъкид ва хоҳиш намуд, ки новобаста аз муборизаи зиддикоррупсионии мақомотҳои қудратӣ, аҳли ҷомеа дар масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия фаъолнокии худро нишон дода, дар ин самт ҳамкориро бо мақомотҳои дахлдор ҷоннок намоянд.
Дар фарҷом аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ дар ин хусус суолҳо ба миён омад, ки ба он ҷавобҳои мушаххас дода шуд.