БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти робита бо маҳал қавӣ гашта, мардум ба дарки сиёсати созандаи ҳизб бештар расида истодаанд

ВАХШ. Баҳри тақвият бахшидани робита дар маҳал ва таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар дурдасттарин маҳаллаи ҷамоати деҳоти Машъал, маҳаллаи Дӯстӣ  бо сокинони маҳаллаи мазкур оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон иброз дошт, ки мақсад аз таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ огоҳӣ пайдо намудан аз дарди дили мардум, ошкор ва ҳаллу фасл кардани баъзе мушкилоте, ки ҳисси нобоварии мардумро ба вуҷуд меорад ва сари вақт ба мақомотҳои болоӣ пешниҳод кардани он мебошад.

Иштирокчиён ба масъулин барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳа, ки мушкилоти асосии сокинони ин деҳа мебошад, дархост намуданд. Пешниҳоди сокинонро Маҳмадов Одилҷон ба инобат гирифта, барои ҳар чӣ тезтар ҳал кардани мушкилоти ҷойдошта ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дархост пешниҳод намуд.

Сипас, Камолов Сафаралӣ дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад намуда, қайд кард, ки миллати тоҷик аз қадиммулайём миллати созандаю бунёдкор мебошад.

Инчунин, ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ дар хонаҳо ва ба бозорҳои дохилию хориҷӣ ба фурӯш баровардани маҳсулот боиси баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мегардад.

Ҳамзамон, дар маҳаллаи зикргардида ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Дӯстӣ» таъсис дода шуда, аз байни иштирокчиён шахси арзанда ва масъулиятшинос Азизов Абдуқодирро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ

интихоб намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg