КӮЛОБ. Дар деҳаи Давлатободи ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб аз рӯи ҷадвали баргузории чорабиниҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.
ҚУБОДИЁН. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳо, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баҳри аз нав эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили с
ДӮСТӢ. Бо ташаббуси раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегии умуминоҳиявӣ ташкил ва баргузор гардид.
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳия намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаи намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
ВОСЕЪ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 –и ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ Машврати августии омӯзгорони ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Ғафурзода Мӯсо Зариф, намоянда аз Раёсати маорифи вилоят, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова, сарварон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия баргузор
ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ҷамоати деҳоти Машъали ноҳия хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла дар мавзӯъи сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ доир карда шуд.
БОХТАР. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар маҳаллаи Ургутмаҳалла намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ доир гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, инчунин вусъат бахшидани робита бо маҳал дар маҳаллаи Пахтаарали ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сокинон баргузор гардид.
ЁВОН. Дар воқеъ эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як зан, модар ва бонуи тоҷику Тоҷикистониро водор намуд, ки зан-модари тоҷик аз азал ҳунарманд буд ва ҳунарманд мемонад ва ин рисолатро ба ояндагон бояд ба меърос монад.
ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» - и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12