БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНИ аз терроризм даст накашидааст

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар деҳаи Ҳазрати Эмом бо сокинону бошандагони деҳаи мазкур  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ ва  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир гардид.

Вохӯриро муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  Асақалов Алиҷон кушода, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҳодисае, ки аз тарафи хоинони Ватан  нисбати сайёҳон дар ноҳияи Данғара аныом дода шуда  суханронӣ намуд.

Баъдан вакили ҷамоавӣ  дар деҳаи Ҳазрати Эмом Наимов Шариф дар бораи терроризм, экстремизм шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбҳои тундгаро суханронӣ намуда, ҷавононро таъкид  кард, ки  ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд ва нагузоранд, ки ягон нохалафе  ба кишвари мо ворид шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg