БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сирк дар Варшава, ё худ имзои масхарапаймон байни лухтакҳое, ки аз як даст идора мешаванд!

ВОКУНИШ. Тавре аз расонаҳо огоҳ шудем 4 созмони ба қавле “оппозитсионӣ” – ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатиёни хоин бо номҳои назарфиреб ба таври сунъӣ сохтаанд, яъне Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар Варшава ба таври масхараомез байни худ “созишнома” имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд.

Воқеан хандадор ва шармовар аст ин паймонро “миллӣ” унвон кардан, зеро наҳзатиёни хиёнатпеша, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонд, радди маърака шуданд ва ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеаи солим нодаркор гаштанд, худашонро аввал пора-пора карданд ва баъд боз байни пораҳои худ “паймон” бастанд. Аҷаб мантиқе! Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гӯиё чор гурӯҳи алоҳидаи “мухолифин”-ро намояндагӣ карданд, ҳамагӣ узви мафияи террористии наҳзат ҳастанд. Ба ин беругиву рӯсиёҳӣ, ки бе ягон зарра хиҷолат ҳар чори ин нафарон саҳнаи имзои созишномаро бозӣ мекунанд, ангушти ҳайрат газидан мумкин. Ин намоиши тақаллубӣ нишон дод, ки ҳизби наҳзатро ҳатто ҳизб ҳам гуфтан мумкин нест, ҳатто ҳизби террористӣ ҳам бошад. Онҳо гурӯҳе иборат аз чор қаллоби мардумфиреб ҳастанд.

Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз ин қаллобон барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кадани фазои сиёсии Тоҷикистон аст.  

Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

Агар ба таърихчаи сиёҳи наҳзатиён назар кунем, фаъолияташаон нахуст ҳамчун “мусичаи бегуноҳ” аз мағзшуии ҷавонон оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ анҷомид. Инак, пас аз муддате дар пушти пардаҳо машқи террор кардан, боз ба саҳнаи ҳангомаҳо ворид гардид. Хусусан, пас аз таъсисёбии ДИИШ сиёсати террористии наҳзатиён боз ҳам фаъол гардид. Наҳзатиён аз ғалабаҳои муваққатии гуруҳи террористии “Ихвонулмуслимин” дар Миср  ва ДИИШ дар Ироқу Сурия рӯҳбаланд гардида, дар Тоҷикистон амалиётҳои нопоки худро боз ҳам фаъолтар намуд. Дар баробари як қатор ҳодисаву воқеаҳо, аз ҷумла кӯшишӣ табадулоти ҳарбӣ, имсол воқеаҳои нангини дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб рухдода, ки наҳзатиён содир намуданд, боиси тааҷӯби мардуми кишвар гардид. Дар куҷо дидаед, ки тоҷик меҳмони худро бикушад. Наҳзатиён бо ин амали нангинашон дигарбора собит кардаанд, ки заррае аз ҳуввияту асолати милливу эмонӣ дар вуҷудашон нест.

Умуман, дар тамоми нооромиҳое, ки дар муддати ин 27-сол дар Ҷумхурии тозаистиқлоли мо  ба амал омада бошад, пайи пойи наҳзатиёни хоинро дидан мумкин аст.

Ин масхарапаймоне, ки ҳамакнун наҳзатиён байни худ бастанд, бори дигар аз оғози анҷоми корашон шаҳодат медиҳанд, мисли шахси дар сакароти ҷон, ки хона равшан мекунад...

Шарифзода Марям-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ аз ҳавзаи интихоботии №20.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg