БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба зиндагии сокинон фаровониву хушбахтӣ овард

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ  ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии   «Ҳофизи Шерозӣ»-и  ҷамоати деҳоти Рудакӣ  бо  сокинони  маҳалла   доир ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ  дар мавзӯъи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба зиндагии сокинон фаровониву хушбахтӣ овард»  чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.    

Дар чорабинии мазкур раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Вахш  Маҳмадов   Одилҷон  суханронӣ намуда,  ҷамъомадонро, аз ҷумла  ҳунармандони  деҳаро  оид ба эълон гардидани соли 2018  ҳамчун   Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  барои  дар  амал татбиқ  намудани  сиёсати  ватандӯстонаи  Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон   ва ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ  роҳнамоӣ  кард. 

Инчунин, дар чорабинӣ  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ  аз тарафи мардуми деҳаи мазкур  ташкил  карда  шуда, дар  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ  аз ҷониби  Маҳмадов  Одилҷон барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур ба раиси ташкилоти  ибтидоии  «Ҳ.Шерозӣ»  Ифтихорномаи ҳизбӣ   тақдим кард.

Дар охир иштирокдорон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба ҳунармандони маҳалла дар пешрафти корашон барору комёбӣ таманно намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg