БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба манфиати сокинони кишвар аст

А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов Муҳаммаддовуд ва дастгирии аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкори мувоффақи ноҳия Қодиров Хайрулло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ҷамоати деҳоти Каленин барои хонандагон синфҳои ибтидоӣ, ки дар муассисаи номбурда бо хӯроки гарм таъмин мегарданд, танӯр барои бо  нони гарм таъмин кардани хонандагон тақдим карда шуд.

Тавре раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ  Муҳаммаддовуд Ҳалимов изҳор дошт, вохӯриву суҳбатҳои мазкур пеш аз ҳама бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ,  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, садоқат ба Президент, арҷ  гузоштан ба арзишҳои  миллӣ миёни сокинони маҳаллӣ, алалхусус миёни занону  ҷавонон буда, дар ин замина  онҳоро  барои иҷрои дастуру супоришҳои  Пешвои   миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон , Раиси муаззами  ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҷалб  кардан  аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg