БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирии бемориҳои хавфноки сироятӣ аз самтҳои асосии тарғиботии мост

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии хизбии «Беморхонаи сил»- бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор гашт.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Абдуллоева Шоира  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз чумла пешгирии бемориҳои сироятиро мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

Иштирокдорон суханрониҳои судманди мавсуфро ҷонибдорӣ карда, иброз доштанд,  ки  барои дар амал татбиқ намудани  сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҷиҳати солимии ҷомеа  саҳми муносиби худро мегузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg