БАЛҶУВОН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Зарнисор 2-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ вохӯрӣ бо омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ ва волидайни онҳо баргузор намуданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин оид ба ҷалби пурраи наврасону ҷавонон ба таҳсил, вазифаи аввалиндараҷаи падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбия насли наврасу ҷавон, дар ниҳоди онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, гиромидошти арзишҳои миллию фарҳангӣ андешаронӣ кард.