![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180814_101844.jpg?itok=N-d_FkaI)
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидои иҳизбии «Маркази таълими калонсолон» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбиро мавриди баррасӣ қарор дода, инчунин дар ин раванд масъулин оид ба фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки чуноне аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи соҳаи сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод шудааст, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст.
Инчунин бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона истеҳсолшаванд аз пардохти ҳама намуди андоз озод карда шудаанд. Бояд қайд кард, ки ҳамаи ин тадбирҳои дурандешонаи Пешвои миллат ба таъмини зиндагии шостаи мардум равона шудааст.