ХУРОСОН. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
ҲАМАДОНӢ. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Моҳира Одинаева ҷиҳати иҷрои ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо омӯзгорону донишҷӯёни Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ гузарониданд.
КӮЛОБ. Огоҳонидани мардум аз хатарҳои замони муосир ва ташаккул додани мафкураи сиёсии онҳо аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад.
Дар ин миён бо мақсади расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи пӯст” хониши сиёсӣ доир карда шуд.
ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои ҷадвали баргузории вохӯриҳо бо ташаббус ва ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Озодагон бо фаъолон, аъзо ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, инчунин ҷиҳати тақвият бахшидани робита бо маҳал дар деҳаи Бачамазори ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
ПАНҶ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ин навбат хониши сиёсиро бо ҳайати омӯзгорони Литсейи касбӣ-техникии №51-и ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор намуданд.
МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Чарги боло ва Чарги поёни ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони деҳа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.
КУШОНИЁН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаварра бо мардуми ҳунарманди деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Ориён вохӯрӣ доир гардид.
КӮЛОБ. Аз рӯи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва баргузории чорабиниҳои гуногун дар сатҳи деҳаю маҳал дар деҳаи Таниёли ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд.
ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии «Почтаи тоҷик» бо иштироки кормандони он хониши сиёсӣ баргузор гардид.
АЁДАТИ ИШНАЗАРОВА ЛОЛАХОН СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12