ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии «Почтаи тоҷик» бо иштироки кормандони он хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита иҷроия Ҷалолов Абубакр оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин таъин намудани Азизов Фатҳулло ба раисии ташкилоти ибтидоӣ дар ин муассиса ва сифати хизматрасонӣ вобаста ба ҷалби мардум ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» андешаронӣ карда, қайд намуд, ки обунашавии сокинони ноҳияи Дӯстӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳо махсусан нашрияҳои ҳизбӣ ин боиси ғанӣ гардидани маънавиёту фарҳанги онҳост. Яъне обуна яке аз асоситарин дастрасӣ ба ВАО мебошад, ки баъд аз мутолиа он инсон ба худ маълумотҳои заруриро мегирад.
Мавсуф зимни суханронӣ ба кормандони «Почтаи тоҷик» пешниҳод намуд, ки минбаъд дар маҳалаву деҳаҳо чун ташкилотҳои ибтидоии таъсис ёфтаанд, рӯзномаву маҷаллаи обунашудаи онҳоро бо воситаи хатбарак ба суроғаи муайянгардидаи марказҳои деҳот, дастрас намоянд.
Роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Почтаи тоҷик» дар ноҳияи Дӯстӣ Азизов Фатҳулло пешниҳоду андешаҳои масъулинро ҷонибдорӣ намуда, қайд кард, ки «Почтаи тоҷик» дар ноҳия ҳамеша дар хизмати мардум аст, таъмин ва дастрасии маҷаллаву нашрияҳо минбаъд бо воситаи хатбарак ба суроғаҳои лозимӣ расонида мешаванд.