БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсози миллат аст

ҲАМАДОНӢ. Бо иштироки  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Моҳира Одинаева ҷиҳати иҷрои ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо омӯзгорону донишҷӯёни Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ гузарониданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Исмоил Ғашов дар бораи нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот, саводнокии донишҷӯён ва ҳиссаи шаҳрвадоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд андешаронӣ кард.

Баъдан Гадоӣ Сайдалиев дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ҳодисаи мудҳише, ки бо сайёҳони хориҷӣ дар деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара рух дода муҳокимаронӣ намуда,  ҷамъомадагонро бори дигар аз хавфу хатарҳои  хоинони давлату миллат  аъзои ТТЭ ҲНИ  ҳушдор дод.  

Инчунин, дар идомаи суханронӣ масъулин дар бораи нишондиҳандаи рушди нерӯи инсонӣ, ки аз се самти асосӣ- дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошад,  андешаронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg