ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои ҷадвали баргузории вохӯриҳо бо ташаббус ва ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Озодагон бо фаъолон, аъзо ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани хонишҳои сиёсӣ мавзӯъҳо аз китоби «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!» , ки мавзӯъҳои фарогирифтаи он муҳимтарин ҷанбаҳои вазифавии сохторҳои ҳизбӣ, масъулин, аъзои гурӯҳҳои таблиғотии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизбро дарбар мегирад, интихоб гардиданд.
Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Атавуллоева Зебунисо ва котиби ҷамоати деҳоти Озодагон Назаралиев Зикрулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, хониши сиёсиро Файзиев Каримҷон кушода, оид ба вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сафарбар намудани сокинон баҳри татбиқи амалии он ва дар ин росто вазифаи ҳизбиён дар самти пойдории Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди устувори иқтисодӣ, нигоҳдории ҳуввияту асолати миллӣ ва дигар самтҳои афзалитяноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуд.
Дар идома Шомаҳмадзода Музафар ва Назаралиев Зикрулло дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи маҳал», «Армуғони хатлонӣ» ва риояи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуда, онҳоро барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳанги ниёгон, ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ карданд.