КӮЛОБ. Бахшида ба соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон чорабинии идона баргузор карда мешавад. Аз ҷумла имрӯз дар мактаби миёнаи умумии №34- ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки васеъи омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб чунин чорабинии идона баргузор гардид.