БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими робитаи ҲХДТ бо маҳал ҷиҳати тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи он

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки Дӯстӣи ноҳия чорабинии фарҳангӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯъи «Таҳкими робитаи ҲХДТ бо маҳал ҷиҳати тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи он» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумаъгул, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Ализода Фарзона, сармуҳосиб Хоҷаева София, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон ва сокинони фарҳангдӯсту заҳматкаши маҳаллаи болозикр дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии таблиғотӣ дар маҳаллаи Фирдавсӣ чанд навъ ҳанарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ ва дигар анвои рӯзгор аз ҷониби истиқоматкунандагон ба намоиш гузота шуд, ки ҷавонону фаъолони маҳали мазкур аз тамошои онҳо ба худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифтанд.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумаъгул аҳолии маҳалро барои ташкили чорабинии мазкур минатдории Кумитаи иҷроияи ноҳияро расонида, оид ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал баромад намуд. Мавсуф  дар суханронии хеш иброз дошт, ки дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун чунин чорабиниҳо баргузор гашта истодаанд.

Ҳунармадони ноҳияи Ҷайҳун дар давоми моҳи июл ва августӣ соли ҷорӣ дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавонистанд ҳунари волои худро нишон диҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор дорад, метавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад.

Чунки тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳибитамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешинохтанд ва мешиносанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg