ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Доробии ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо иштироки корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов ва узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №12 Ҷангихон Одинаевро бо сокинон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хатари терроризм, ки рӯз то рӯз дар ҷаҳон доман паҳн намуда, аҳли башарро ба таҳлука андохтааст, суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
























