БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Заҳмату кору ҳунар касро намояд номдор

КУШОНИЁН. Бо мардуми хунарманди деҳаи Куган Гулови ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Сатторова Мунаввара ва дигар шахсони давъатӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Масъулин қайд каранд, ки мо бояд дар руҳияи мардум тақвият додани ҳунармандиву бунёдкориро ривоҷ дода, таомҳои миллиро хубтар ба ҷавонон омӯзонем ва онҳоро дар руҳияи созандагиву ободонӣ тарбия намоем.

Ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст ин аз як тараф аз нав ба эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ боис гардад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгонамон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро аз худ намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Занони ҳунарманди ин деҳа чанд намуди пухтани хурокҳои миллиро нишон доданд, ки аз малакаву ҳунари волои зани тоҷик дарак медиҳад.

Дар баробари андешаронӣ Сатторова Мунаввара атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg