БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Коррупсия ба солимии маънавиёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар ин хониши сиёсӣ Валиева Саъбагул раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломудин ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ин мулоқот оид ба масъалаи пешгирии коррупсия дар байни ҷомеа изҳори андеша гардид, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро масъалаи коррупсия хеле ба ташвиш овардааст. Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, нисбати чунин масъалаҳо истисно нест бо ташабуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корҳо дар ин самт анҷом дода шуданд. Аз ҷумла  сохторе бо номи  Агентии давлатии молиявии мубориза зидди коррупсия ташкил шуд, ки дар мубориза алайҳи амалҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолияти пурсамар дорад. Зеро коррупсия метавонад ҳама пояҳои давлатро ба фалаҷшавӣ оварда расонад ва боварии мардумро нисбати ҳама мақоматҳои давлатӣ коҳиш диҳад. 

Дар ин росто таъкид шуд, ки моро зарур аст дар якҷоягӣ пайваста нисбати ин вабо муборизаро пурзур намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg