БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сайре дар чаманистони шеъри Мавлоно Балхӣ

ЁВОН. Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аз зумраи касонест, ки бо вуҷуди муъҷизаосои худ хуршеди ҷаҳони маънавӣ гаштаанд ва то он рӯзе, ки оламу одам ҳаст, бо осори гаронбаҳои худ инсониятро ба сӯи худшиносӣ, равшаноиву озодагӣ, покиву растагорӣ ва ишқу меҳру муҳаббат раҳнамоӣ мекунанд.

Ҳамин аст, ки имрӯз Мавлоно на танҳо мавлои ворисони тоҷику эрониву афғон ва аҷамии худ, балки раҳнамои ҳама дилошноёни ҷаҳон гаштааст. 

Бо мақсади арҷгузорӣ ба ин олими ирфонӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57 конференсияи  илмию адабӣ таҳти унвони «Сайре дар чаманистони шеъри Мавлоно» бо иштироки муассилин ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур хонандагони ноҳия аз ашори ин нобиғаи олами ирфон порчаҳои шеърӣ қироат намуда, аз ашори пурғановати Мавлоно саҳнаҳо пешкаш намуданд. Дар кори конференсия муовини раиси Кумита иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Абдуллоева Саёҳат ва мудири бахши таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул иштирок намуда, ба фаъолони конференсия Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg