БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеаро аз хатарҳои терроризму эктремизм ҳифз менамоем

ПАНҶ. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроия бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов таҳти унвони “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ” вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин доир ба мавзуҳое, ки дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, суханронӣ карданд.

Аз ҷумла қайд шуд, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористон  садҳо нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, давлатҳои ободу озод ба майдони муҳорибаҳо табдил ёфтаанд. Ҳамчунин қайд шуд, ки бани одам дар саргаҳи хатарҳои муосир, терроризму экстремизм ва  интиқоли маводи мухадир қарор дорад. Ба Тоҷикистони  тозаистилоли мо низ ин хатар таҳдид менамояд. Агар пеши роҳи ин амалҳои номатлуб гирифта нашаванд, кишварҳо ба харобазору одамон несту нобуд мегарданд. Аз ин лиҳоз, ки мову шумо, ки дар саргаҳи ин паёмадҳо қарор дорем бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, аз пештара дида бештар сарҷамъу муттаҳид бошем.  

Инчунин, баромадкунандагон оид ба риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ  карданд.

 

 

                                                                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg