БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунармандони беҳтарин бо Сипосномаи ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд

ҲАМАДОНӢ. Баҳри иҷрои нақша- чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар деҳаи Кодара-1-и  ҷамоати деҳоти Панҷруд бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он Ғаффорзода Давлатҷон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди  устувор, солҳои 2018-2028», риояи талаботи Қонунҳои  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар кардани ҷавонони синни даъвати ба хизмати Ватан Модар,  пешгирии шаҳрвандон аз  шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва  озмунҳои ҳизбӣ андешаронӣ кард.

Баъдан масъулин аз намоишгоҳи  ҳунарҳои мардумӣ, ки сокинони деҳа маҳсули дастони хешро пешкаши ҳамагон гардонида буданд, дидан намуда, ба ҳунару маҳорати  волои онҳо баҳои баланд дода онҳоро бо Сипосномаҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  қадрдонӣ карданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстонаи аҳли санъати  деҳа ба охир расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg