БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибу ташфиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷикон яке аз ҳадафҳои аслии мо ҳизбиён аст

ВОСЕЪ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи дурдасти  Пахтакори ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов  бо сокинони маҳал баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур  корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шоева Зарафшон иштирок ва баромад намуданд.

Зимнан Гулрухсор Мирзоева оид ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал суханронӣ намуда, қайд кард, ки тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддиву маънавии ҷамъият, тағирнопазирии сохти кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувор гардонидани фаъолияти ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо, таъмини рушди устувори истиқлолият, пирӯзӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалҳои коррупсионӣ бояд аз самтҳои муҳимми фаъолияти сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошанд.

Ҳамзамон, Шоева Зарафшон иброз намуд, ки барои мо шаҳрвандони Тоҷикистон сулҳу суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ арзишҳои бузурганд ва тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷикон яке аз ҳадафҳои аслии мо мебошад.

Баъдан  бонувони ҳунарманди деҳаи мазкур Ятимова Оламбӣ ва Ятимова Гулбутта ҳунарҳои дастии хешро, аз қабили қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, либосҳои миллии хоси занони тоҷик ва тоқиҳои зебои тоҷикона ба маърази тамошо гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg