БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз ташаббусҳои неки Пешвои миллат хушнуданд

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Тутои ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳаи мазкур бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова  ва раиси ҷамоати деҳоти Балхобӣ Л.Холова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Гулсунбӣ Раҷабова доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъ ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ андешарони кард.

 Инчунин,  бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуд, ки масъулин аз он дидан карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg