БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттиҳоду сарҷамъӣ – кафили кулли муваффақиятҳои мост!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ-и ноҳия дар деҳаи Қуруқсойи  ҷамоати деҳоти Корези  ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Корез Идиев Ҳокималӣ иштирок намуда, оид ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар маҳалҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омодагии хоҷагиҳо ба тирамоҳу зимистони пешомад, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва риояи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуданд.

дар вохӯрӣ озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар назди ҷамъомадагон  баррасӣ карда шуда барои дар амал татбиқ намудани  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аз иштирокдорон  даъват карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg