БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бар зидди омилҳои номатлуби ҷомеа – аз ТЭТ ҲНИТ то ВИЧ/СПИД муборизаи беамон мебарем!

ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Доробии ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо иштироки корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов ва узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №12 Ҷангихон Одинаевро бо сокинон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хатари терроризм, ки рӯз то рӯз дар ҷаҳон доман паҳн намуда, аҳли башарро ба таҳлука андохтааст, суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар баромади кормандони Кумитаи иҷроия ва вакил ба он таъкид гардид, ки ҳамагон бояд дар бораи терроризм ва дигар амалҳои зишт ба монанди нашъамандию нашъаҷалобӣ,  бемориҳои сироятӣ, ВИЧ/СПИД, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва дигар самтҳои номбурда маълумоти кофӣ дошта бошанд.

Вакили мардум қайд намуд, ки имрӯз наҳзатиён аз карда, аз он ки ба сари мо ғаму дарди зиёдеро бор намуда буданд, пушаймон нестанд. Ҳоло ҳам аз дур ба тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон санги маломат мезананд.  Вале аз байни худи онҳо шахсиятҳое чун Айёмиддин Сатторов пайдо мешавад, ки бо далелҳо кӣ ва чӣ будани ҲНИ-ро ба таври раднашаванда собит намуда, онҳоро шармандаи ҷаҳон менамояд. Аз баромадҳо сокинони деҳ дар бораи ҳизби ТТЭ будани ҲНИ маълумоти муфассал пайдо намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg