ҲАМАДОНӢ. Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорода дар деҳаи Кодара 2 -и Ҷамоати деҳоти Панҷрeд чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
ФАРХОР. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор дар асоси ҷадвали тасдиқшуда дар деҳаи Панҷи ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияи Тоҷикистон» баргузор гардид.
ТЕМУРМАЛИК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Темурмалик ва ҷиҳати ҳарчи бештар вусъат бахшидани робитаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо маҳал дар деҳаи Баҳманруди ҷамоати деҳоти Танобчӣ вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинон баргузор гардид.
ПАНҶ. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба татбиқи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Авангарди ҷамоати ҷамоати деҳоти Озодагон бо ҷалби занони маҳал, аъзоёни ташкилоти ибтидоии Авангард чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.
КӮЛОБ. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Тоқакаппаи ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки сокинон баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.
ЁВОН. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.
ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз тарафи кормандони масъули ҳизб дар байни мураббиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғчаи №2» хониши сиёсӣ доир гардид.
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Забони миллат – ҳастии миллат!” бахшида ба 5-уми октиябр “Рӯзи Забони тоҷикӣ” доир гардид.
ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохияи Вахш бахшида ба Рӯзи иди Забони тоҷикӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №56-и ноҳия чорабинии фарҳангӣ бо ҳузури раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов ва кормандони шуъбаи маориф инчунин, хонандагони муассисаи номбурда баргузор гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади тақвияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар маҳаллаи Маданияти ҷамоати деҳоти Маданият чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12