Тоҷикаму лафзи ман чун шакар бошад,
Аҷдоди ман аз азал суханвар бошад.
АНДЕША. Дар ноҳияи Данғара Конференсияи байналмилалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар кори Конференсияи байналмиллалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” олимон, муҳаққиқон, намояндагони Маҷлиси Олӣ, ректорону намояндагони донишгоҳу, донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ректорону олимони донишкадаҳои хориҷи кишвар, ки тавассути Онлайн (фосилавӣ) иштирок намуданд.
ДАНҒАРА. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Забон ” ва Иди омӯзгорон баргузор гардид.
АНДЕША. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми азияткашидаи тоҷик як нур мебошад. Нуре, ки ҳаётбахшу наҷотбахш, нуре, ки қалбҳоро равшану гармӣ мебахшад ва умеде барои ояндаи дурахшон мебошад. Иҷлосия ин рӯйдодест таърихӣ ва сарнавиштсоз.
ВОСЕЪ. Ободӣ, зебогӣ, тозагӣ ва гулгулшукуфоии Ватан пеш аз ҳама аз хона, кӯча, маҳалла, деҳа ва ноҳияву шаҳри худ оғоз мегардад. Бинобар ин сабаб сокинони меҳнатдӯст ва ободкорӣ ноҳияи Восеъ пайваста барои ободу зебо гардонидани яке аз гӯшаҳои диёри хеш саҳми арзандаи худро мегузоранд.
ВОСЕЪ. Дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо зиёда аз 50 нафар ҷавонони фаъол вохӯрӣ дар мавзӯъи “Дастовардҳои 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуданд.
ВОСЕЪ. Дар шароити феълӣ нақши матбуот дар ташаккули фарҳанги сиёсии мардум мавқеи муҳимро дорад. Барои он ки матбуот инъикосгар-таҳлилкунандаи вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон мебошад, ҳамчунин, аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҷомеа гузоришҳо пешниҳод мекунад.
БОХТАР. Имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносхтани асолати миллӣ туҳфаи Пешвои миллат ба шаҳрвандони мамлакат бознашр ва тақдими китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” идома дорад.
АНДЕША. Ҳамасола 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст, ҷашн гирифта мешавад. Қонуни мазкур аз 28 модда иборат буда, истифодаи забони давлатиро ба танзим медарорад.
Ш.ШОҲИН. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки узви Кумитаи иҷроия вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин, кормандони касбу кори гуногун ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар як сатҳи зарурӣ таҷлил гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12