ЁВОН. Дар ташкилоти ибтидоии “Саргаҳ”-и деҳаи Саргаҳи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх маҷлиси ҷамъбастӣ барои фаъолияти соли 2020 баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолибҷон, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Солиҳов Маҳмадрасул иштирок намуданд.
ЁВОН. Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои ҳизбиён дар ташкилоти ибтидоии “Ифтихор-1”-и деҳаи Чупонободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолибҷон, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Солиҳов Маҳмадрасул, раиси ташкилоти ибитидоӣ, аъзои ташкилоти ибтидоӣ ва сокинони маҳалла иштирок намуданд.
ЁВОН. Ҷамъомадӣ ҷамбастии натиҷаҳои ҳизбиён дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Ситораи Сурх” баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолибҷон, раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Ғаффорзода Абдурасул, раисони маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти мазкур ва сарварони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
ДӮСТӢ. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва дастгирии аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии назди Кумитаи иҷроия маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!» дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, шоҳроҳи Дӯстӣ-Бохтар баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломатӣ"-и ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 бо иштироки масъулини ҳизбӣ баргузор гардид.
ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МДНРА» маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзову кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок доштанд.
ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мадад" маҷлиси ҷамъбастии солонаи ташкилот ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.
ВАХШ. Дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати кишоварзӣ” маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти солонаи фаъолияти ташкилот барои соли 2020 гузаронида шуд.
ВАХШ. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ баргузор карда шуд.
БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳин” маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 доир гардид.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12