БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ВА ВАЗИФАҲОИ НАВБАТӢ БАРОИ СОЛИ НАВ

Ҷ.БАЛХӢ. Маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сил” дар соли 2020 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  баргузор гардид.

Раиси раиси ташкилоти ибтидоӣ  А. Неъматов  оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии  ҳизбӣ дар соли 2020 ҳисобот дода, вазифаҳои навбатиро дар соли нав муайян намуд.

Дар ҷараёни маҷлис Алиев Зафар корманди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ифротгароиву терроризм, хоса ҷавонон дар самти мубориза бар зидди коррупсия суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадашон ба ҷавонон рӯ оварда пайваста моро барои ҳифзи Ватан, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоянд.

Инчунин, дар ин маҷлис баромадкунандагон оид ба дуруст истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ, оқилонаву сарфакорона истифодабарии неруи барқ, самаранок истифода намудан аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии «COVID-19» суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg