БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИСОБОТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ҚАНОАТБАХШ АРЗЁБӢ ГАРДИД

Ш.ШОҲИН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар ташкилоти ибтидоии «Бойторӣ» маҷлиси ҷамъастии фаъолияти солонаи ташкилоти ҳизбӣ баргузор гардид.

Ҳасанов Рустам раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди ҳозирин доир ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоӣ ибрози сухан намуда, вазифаҳои навбатии  ташкилотро барои семоҳаи аввали соли 2021 муайян кард.

Дар рафти баргузории маҷлис кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар соли сипаришуда иброз дошта, барои фаъолияти пурсамар изҳори миннатдорӣ баён карданд. Дар охир ҳисоботи солонаи  ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби шахсони масъули ҳизбӣ қаноатбхш арзёбӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg