БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР РАВАНДИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ НАЗАРРАС АСТ

ЛЕВАКАНТ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Ваҳдат” маҷлиси умумии кормандон баргузор гардид.

Фарух Султонов, раиси ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти аъзои ташкилотро дар соли 2020 хулосагирӣ намуда, вобаста ба корҳои ободонию созандагӣ ва истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида  намуд.

Мавсуф қайд кард, ки дар якҷоягӣ бо фаъолон,  аъзо ва ҷонибдорони  ҳизб, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ корҳои зиёди ободонӣ сурат гирифтанд, ки кушодашавии муассисаи таълимии №11 дар деҳаи Вахш, мумфарш гардидани  13 км роҳи деҳаи Зағертут ва ба истифода дода шудани   5 адад бунгоҳҳои тиббӣ аз қабили онҳост.

Сипас, Фароғат Назарова муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳр ба фаъолияти аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаришуда баҳои баланд дода, ба чанд нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg