БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР АСТ

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии “Донишомӯзон” бо иштироки Муслима Ғуриева ва Зоирзода Савзалӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ Қараев Зафар оғоз намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида гузориш дод.

Мавсуф  дар гузориши хеш қайд намуд, ки дар муассисаи мазкур ташкилоти ибтидоӣ  бо номи «Донишомӯзон» фаъолияташро ба роҳ мондааст, сол то сол сафи аъзои ин ҳизби бонуфуз  зиёд гашта истотаанд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки этиқоду эътимоди сокинони кишвар ҳамарӯза нисбати ин ҳизби созандаву бунёдкор зиёд гардида истодааст.

Дар соли сипаригардида масъулини ташкилоти ибтидоии «Донишомӯзон» дар чорабиниҳои сиёсӣ, бахусус интихоботҳо фаъолона ширкат варзиданд. Соли сипаригардида барои аъзову ҷонибдорони ҳизб бисёр соли таърихию санҷишӣ буд, ки мо дар якҷоягӣ тавонистем ба ҳадафҳои сиёсии худ ноил гардем.

Баъд аз анҷоми ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Савзалӣ Зоирзода  суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои сиёсии фаъолияти ин ҳизби бонуфуз ибрози андеша намуд ва ҳисоботи раисти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg