ДӮСТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Нури Вахш ҷиҳати таблиғу ташвиқи Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” оид ба сариштакорона истифода бурдани неруи барқ бо сокинон мулоқот доир гардид.
Дар вохҳрии баргузоргардида намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроия иштирок дошта, вобаста ба моҳияти Муроҷиатномаҳои мазкур, дар бораи сарфаҷӯёна истифода бурдани қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, истифодаи сӯзишвории табиӣ, аз ҷумла ангишту брикет, ҳезум, гази моеъ ва самаранок кишт кардани заминҳои наздиҳавлигию фермерӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз андешаронӣ намуданд. Инчунин, дар ин раванд моҳияти озумни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ” ба дарки ҳамагон расонида шуда, ҷамъомадагон барои иштирок ва соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардидани озмуни ҳизбӣ ҳидоят гардиданд.