БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА СОКИНОН

ВАХШ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Рӯдакӣ"-и ноҳияи Вахш маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар соли 2020 бо иштироки масъулини ҳизбӣ  баргузор гардид.

Зимнан муовини  раиси ташкилоти ибтидоии “Рӯдакӣ” Усмонов Исмоил хисоботи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоиро ироа намуда, иброз дошт, ки дар оянда низ фаъолияти ташкилотро хубтару беҳтар намуда, баҳрии ободии Ватан саҳми худро мегузоранд.

Дар идомаи суҳбат мутахассиси Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Шариф Сатторов ба сухан баромада,  қайд кард, ки моро месазад ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, истифодаи самараноки    заминҳои наздиҳавлигӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон аз ҳама имикониятҳо истифода намоем. Инчунин, вобаста ба риояи қоидаҳои муҳофизат аз бемории коронавирус ба сокинон маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg