БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УЗВИ ҲХДТ БУДАН ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ

НОРАК. Дар  ташкилоти ибтидоии “Безараргардонӣ” бо иштироки намояндагонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Баҳодур Хайруллозода ва Муслима Ғуриева  маҷлиси ҷамъбастии ҳизбӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Одинаев Шамсиддин раиси ташкилоти ибтидоӣ  ҳангоми баромад вобаста ба фаъолияти ташкилот афзуд, ки давоми соли 2020 дар тарғибу татбиқи Барномаи ҲХДТ ташкилот саҳми худро гузоштааст. Инчунин, дар маҷлис масъалаҳои корбариву коргузорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, интизоми намунавии ҳизбӣ, тасдиқи нақшаи корӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баҳодур Хайруллозода дар суханронии худ қайд намуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ асоси фаъолияти ҲХДТ буда, дар якҷоягӣ мо метавонем ба ҳадафҳои барномавию Оинномавии ҳизб ноил гардем. Ҳар як узви ҳизбро мебояд дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳмгузор бошад. Дар хотима фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg