БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ВОСЕЪ. Дирӯз дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Муассисаи таълимии томактабии №1” (Боғчаи №1) маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзои ташкилоти ибтидоии  мазкур иштирок доштанд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ  дар давоми соли 2020 дар назди ҳозирин ҳисобот дод.

Инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза оид ба  иҷрои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сарфакорона истифода намудани неруи барқ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” ибрози ақида намуда, сокинонро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва сарфаҷӯёна истифода бурдани неруи барқ ҳидоят кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg