ВОСЕЪ. Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли сипаригардида маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардида истодааст.
Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «АДСИН» маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид, ки дар рафти он раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисоботи муффасал оид ба фаъолияти ташкилотро пешниҳод намуд.
Инчунин, дар маҷлиси мазкур вобаста ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, захираи маводҳои хӯрока, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба саъми иштирокдорон расонида шуд.