ВАХШ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш маҷлисҳои ҷамъбастии солонаи ташкилотҳои ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Вахш ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.
Сараввал ҳисоботҳои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ шунида шуда, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта масъалагузорӣ карда шуда, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ба сухан баромада, атрофи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла сарфакоронаю оқилони истифода бурдани қувваи барқ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб қитъаи заминҳои корам ва вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии (COVID-19) ибрози андеша намуд. Дар охир баъди баррасии масъалаҳои муҳокимашуда ҳисоботҳои ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли сипаришуда қаноатбахш ҳисобида шуданд.