БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ФАРДИ ОГОҲИ ҶОМЕА МЕБОШАД

АНДЕША. Асри 21-ро асри иттилоот меноманд, зеро таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилорасон хеле васеъ ва нишонрас гардидааст. Имрӯз интернет ва ВАО-и хориҷӣ ба афкори мардум  таъсири манфии худро гузошта, амнияти иттилоотии мамлакатро халалдор месозад.

Азнавтақсимкунии ҷаҳон миёни абарқудратҳо ва қудратталабон баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳаёти мардуми сайёра тағйироти куллӣ ба амал овард  ва таъсири ВАО ва интернетро ба мафкураи мардум боз ҳам зиёд намуд.  Дар шароити рӯз бо ном “ҷанги иттилоотӣ” аз ҷангҳои дар гузашта рӯйдода шадидтар ва харобиовартар мебошад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар замони ҳозира ҷанги иттилоотиро асосан кишварҳои абарқудрат, қудратталаб ва ташкилоту қувваҳои бузурги дигар барои амалисозии ҳадафҳои геополитикии худ истифода менамоянд. Собит шудааст, ки терроризу экстремизм ва ифротгароӣ  маҳз бо мақсади амалисозии  мақсадҳои ғасбкоронаи  ин давлатҳо  хизмат менамояд.

Давлатҳои абарқудрат  ба воситаи иттилоот ва ҳадафҳои бардурӯғу ҳавоӣ мардумро ба майдон мекашанд ва онҳоро ба муқобили якдигар мегузоранд ва дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ё ҷанг ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки гӯё ба дини мубини ислом хизмат мерасонда бошанд,  кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор  ва мардуми осоиштаи онҳоро  бе хонумон менамоянд. Мисоли инро мо дар давлати Сурия, Яман, Ироқ, Афғонистон, Гурузия, Украина ва давлатҳои қитъаи Африко бараъло мушоҳида менамоем.

Фаъолияти ДОИШ ва ташкилотҳои дигари террористию экстремистӣ дар ҷаҳон ва дар ҳудуди Тоҷикистон бошад, ТТЭ ҲНИ ва дар Афғонистон Толибон ва дигарҳо  мисоли равшани ин падидаҳои номатлуб мебошанд.  Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.

Боиси зикр аст, ки инсон вобаста ба табиати худ ба иттилои аввал дарёфтнамуда бештар мароқ зоҳир менамояд ва эътимод пайдо мекунад. Аз ин рӯ, хабарнигорон, муҳаққиқон,  ҳар як фарди огоҳи ҷомеаро  зарур аст, ки суду зиёни истифодаи интернет ва дигар ВАО ва дурустии навиштаҳои онҳоро ба мардум фаҳмонанд, то ки афкори ҷомеаро аз ҳар гуна иттилои носолим эмин доранд ва ҷомеаро низ мебояд, ки аз раванди имрӯзаи ҷаҳонӣ сабақи зиндагӣ гиранд.    

Сангиаҳмад Аюбов, коршиноси сиёсӣ, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg