БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ БО НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ВАХШ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МДНРА» маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш иштирок доштанд.

Зимнан Изатуллоев Раҷабалӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ  ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣӣ  дар зарфи як соли сипаригардида дар  назди ҳозирин ҳисобот дод.

Баъдан корманди Кумитаи иҷроия Шариф Саторов дар бораи  ба саҳми ташкилотҳои ҳизбӣ дар таҳкими ғояҳои барномавии ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштии ҳифзи саломатӣ  ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки аъзои ташкилоти ибтидоӣ бояд ҳамарӯза  корҳои оммафаҳмониро миёни сокинон ҷиҳати ҳифзи саломатии ҷомеа, истифодаи самараноки неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи истифодаи он, самараноки истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон  ба роҳ монда, онҳоро ба амалҳои неку созанда талқин созанд.

Қисмати интиҳои маҷлис бо саволу ҷавоби тарафайн анҷом ёфта, раёсати маҷлис фаъолияти яксолаи ташкилоти ҳизбиро қаноатбахш арзёбӣ  кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg